Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ГӮШТИНИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Тавре хуб медонем, рӯзҳои 17-ум ва 18-уми майи соли равон дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи зебоманзару сайёҳии Ховалинг, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони ватандӯсту саховатпешаи ин диёр мусобиқаҳои варзишӣ таҳти шиори «Ҷавонон - неруи созанда» доир гардид.
Дар ин рӯзҳо, аз ҷумла 18-уми майи соли равон дар ноҳияи Ховалинг мусобиқаи гӯштини байналмилалӣ бо иштироки паҳлавонони номиву варзишгарони шинохта аз ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон ва Федератсияи Россия, инчунин сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин варзишгарони номӣ Сомон Кишваров, Бобоҷон Бобоҷонов, Шодмон Ризоев, Камила Бадурова, Комроншоҳ Устопириён, Шералӣ Ҷӯраев, Диякушов Димитрий иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар ин сабқатҳо сарбози қатории қисми ҳарбии 5453-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Сомон Кишваров бар Бобоҷон Бобоҷонов корманди Қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб ғолиб омада, сазовори Шоҳҷоиза - автомашинаи тамғаи «Лексус» гардид.
Паҳлавони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён бошад, бар паҳлавони Ҷумҳурии Узбекистон Шералӣ Ҷӯраев пирӯз омада, соҳиби Шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав гардид.
Дар идома Шодмон Ризоев, сарбози қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД бар паҳлавони Ҷумҳурии Узбекистон Ҳисомиддин ғолиб омада, сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Бояд қайд кард, ки имсол Шодмон Ризоев бори сеюм аст, ки дар мусобиқаҳои варзишии кишвар аз намуди гӯштини миллӣ бар ҳарифони худ дастболо гардида, соҳиби шоҳҷоизаҳо гардидааст.
Шариф Назриев, корманди Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД бар паҳлавони узбекистонӣ Бегмурод Олтибоев ғолиб омада, Шоҳҷоиза - автомобили сабукрави барқиро сазовор шуд.
Дар умум, дар ин мусобиқаи гӯштини байналмилалӣ, ки бо иштироки паҳлавонону варзишгарони номӣ ва меҳмонону чемпионҳои ҷаҳонӣ, бо ширкати наздик ба бисту панҷ ҳазор тамошобин доир гардид, дар дили ҳаводорони худ меҳр ба ин намуди варзишро зиёд намуд ва дар хотироти онҳо нақш баст.
Р. Илёсзода,
Т. Латипов

18.05.2025 18:10
17