Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манъи пӯшонидани рӯй

 

Дар Дания қонуне ба қувваи қонунӣ даромад, ки пӯшонидани рӯйро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ менамояд. Маҳдудкунӣ ба рӯсарӣ ва дигар ҷузъҳои либос, аз он ҷумла, ниқоб ва фаранҷӣ дахл дорад. Ташаббускорони манъкунӣ ин гуна либосро таҳдиди хатарии эҳтимолӣ ва яке аз усулҳои фишор ва тазйиқ нисбати занон меноманд. Ба наздикӣ дар Копенгаген гурӯҳи занони мусулмон аксияи эътирозӣ доир намуданд.

Сабина таъкид менамояд: «Мегӯянд, ки мо ба амнияти давлат таҳдид менамоем, аммо ниқобро ҳеҷ гоҳ барои содир намудани ҷиноят истифода накардаанд-ку». Фаъолзанон мегӯянд, ки ба онҳо ҳеҷ кас зулм накардааст ва дар Дания ҳамагӣ 50 зан ниқоб мепӯшад ва ҳамин тавр ҳукумат маблағ ва вақт сарф менамояд, ки бар зидди 50 зан мубориза барад. Онҳо оиди баргузории аксияҳои эътирозии нав ваъда медиҳанд ва изҳор медоранд, ки аз пӯшидани ниқоб дар кӯча даст намекашанд.
Ҷарима барои бори аввал вайрон намудани қонун 135 евроро ташкил медиҳад.
Одамони роҳгузар вобаста ба аксияи эътирозӣ чунин мегӯянд:
«Фикр мекунам, ки бояд мо имкон дошта бошем, ки ба рӯи якдигар рӯирост нигоҳ карда, чашм ба чашм дӯхта тавонем, чунки рафтори номаълум низ бисёр чизҳоро дар худ ниҳон дорад», - мегӯяд Ҷули.
«Ба ман ҳеҷ кас намегӯяд-ку чи хел либос пӯшам, вале барои чӣ ба онҳо дар ин бора мегӯянд?» - мепурсад Инга.
Дар Вазорати адлия изҳор доштанд, ки политсия маҷбур намекунад, ки дар кӯча фаранҷӣ ва ё ниқобро бикашанд – баъди тартиб додани протокол аз қонунвайронкунандагон хоҳиш мекунанд, ки ба хона баргарданд.
Чораҳои ба ин монанд аллакай дар якчанд давлати Аврупо амал мекунанд.

02.08.2018 11:05
6