Шиносоӣ бо фаъолияти Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16-уми майи соли 2025 тибқи дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин аз бинои Маркази таълимӣ ва утоқҳои кории Шуъбаи шаҳрвандӣ ва кор бо гурезаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд.
Зимни боздид, ҷаласаи корӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият, назоратбарии муътадили фазои корӣ, қабул ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.