Мусобиқаи аспдавонӣ
Дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон, таҳти шиори «Ҷавонон нерўи созанда», ки дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон баргузор гардид, 18-уми майи соли равон мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ доир гардид.
Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва шаҳрвандони саховатпешаву ватандўсти ин ноҳияи зебоманзару сайёҳии кишварамон миёни наврасону ҷавонони ба варзиши аспдавонӣ шуғлдоштаи тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳуриамон роҳандозӣ гардид.
Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 50 варзишгари чолоку бомаҳорати аспдавон ва зиёда аз садҳо мухлисони ин навъи варзиш иштирок намуданд.
Варзишгарон дар масофаи 2200 метр дар ҳашт давр, ки дар ҳар як давр 7 ва ё 8 нафарӣ иштирок доштанд, бо ҳам сабқат намуда, ҳар яки онҳо бо як маҳорати баланди асптозӣ кӯшиши аввал ба марра расиданро менамуданд.
Дар ҳафт даври мусобиқаи доиргардида асптозони ба марра аввалин шуда расидаанд, аз ҷумла: Холов Низом, Миров Маҳмадзоир, Рустамов Саидхон, Ҳасанов Шаҳобиддин, Миралиев Маҳмаднаим, Олимзода Наврўз ва Меҳроб Шамшеров ба даври ниҳоии мусобиқа баромаданд.
Варзишгарони чолоку бомаҳорати асптоз дар даври ниҳоии мусобиќаи мазкур байни ҳам сабқат намуда, ҳар кадоми онҳо барои ба даст овардани ғолибият ва гирифтани Ҷоми мусобиқа бо ҳам рақобат намуданд.
Дар даври ниҳоии мусобиқа бо нишон додани маҳорату малакаи баланди асптозӣ зинаи аввалро Меҳроб Шамшеров бо аспи тездави худ бо тахаллуси «Лаъл» ба даст овард.
Зинаи дуюмро бошад асптози моҳир Шаҳобиддин Ҳасанов бо аспи давандаш бо тахаллуси «Номус» ва зинаи сеюмро варзишгар Миралиев Муҳаммаднаим бо аспи бо тахаллуси «Золотой» сазовор шуданд.
Дар интиҳои мусобиқаи пойгаҳи аспдавонӣ ба ғолибони мусобиқа раиси ноҳияи Ховалинг Фаррухиддин Набизода ва дигар шахсони мутасаддии ин мусобиқа Ҷом, медал, Ифтихорномаву гармота ва маблағи пуливу туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.
Р.Илёсзода
Т.Латипов