НАЗАРБОЕВ ДАР БОРАИ РИШУ ҲИҶОБ: МО БА ИН РОҲ НАХОҲЕМ ДОД!
Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо рӯҳониён аз он ҷавонони қазоқ, ки риш мондаву шими почааш кӯтоҳ мепӯшанд, ва ҳам аз духтароне, ки ҳиҷоби сиёҳ ба тан мекунанд, ба шиддат интиқод кард ва гуфт, дар Қазоқистон ба ин бегонапарастӣ роҳ нахоҳад дод.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 19 апрел дар мулоқот бо раҳбарони муфтиёт ва имом-хатибон ба масоили, ба ибораи ӯ, "бесаводии динии насли ҷавон” дахл кард ва гуфт, "бисёре аз ҷавонони қазоқ аз бесаводӣ риш сар додаву почаи шимашонро кӯтоҳ мекунанд ва шумори духтарони қазоқе ҳам меафзояд, ки худро бо либоси саропо сиёҳ мепӯшонанд.”
Бино ба гузориши дафтари матбуоти президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев дар ин мулоқот гуфт, ки чунин фарҳанге, ки байни ҷавонон роиҷ шудааст, ҷавобгӯи анъанаҳои мардуми қазоқ нест: "Бояд масъалаи манъи ин чизҳо дар сатҳи қонунгузорӣ ҳаллу фасл шавад. Қазоқҳо либоси сиёҳро фақат дар вақти мотам мепӯшанд.”
Назарбоев хитоб ба намояндагони муфтиёт гуфт, чунин равиши ҷавонон хилофи сиёсатест, ки ӯ пеш гирифтааст ва ба ин роҳ нахоҳанд дод: "Агар ҷавонон ба равияҳои барои мардуми мо бегона рӯ биоранд, бо ин давлат чӣ хоҳад шуд? Мо ба ин роҳ намедиҳем, Қазоқистони мустақил бояд ояндаи дурахшоне дошта бошад, миллат бояд муттиҳид бошад, давлат бояд дунявӣ бошад ва боз ҳам пеш биравад. Мо онҳоеро, ки зидди ҳадафҳои мо мехезанд, таҳаммул намекунем. Ва инҷо сухан нафақат дар бораи манфиатҳои т мақомоти давлатӣ, балки дар бораи манфиатҳои тамоми мардуми Қазоқистон ва ояндаи кишвар меравад.” Президенти Қазоқистон афзуд, имони мусалмонро на либоси ӯ, балки имони ботиниаш нишон медиҳад. Ӯ аз он изҳори таассуф кард, ки кишварҳои мусалмонӣ баъди асри 19 мақоми аввал дар илму фарҳанги ҷаҳониро аз даст доданд. Назарбоев гуфт, ҳоло Интернет ба як василаи таблиғи равияҳои мазҳабии ғайрисуннатӣ табдил ёфтааст ва рӯҳониён бояд дар мубориза бо бегонапарастӣ ва таблиғи ватандӯстӣ нақши аввалро ба дасти худ бигиранд. Назарбоев гуфт, ҳукумати ӯ рӯҳониёнро дар мубориза бо ин бегонапарастон пуштибонӣ хоҳад кард.
Akhbor.com