Муайян шудани ҳолати азонихудкунии маблағ дар ҳаҷми махсусан калон
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 32-солаи сокини шаҳри Ҳисор намояндаи ҶДММ “Алишер ИД”ворид гардидааст, ки мардони 31 ва 62-солаи сокинони шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада гушти мурғро тариқи ғайринақдӣ қабул карда, бо мақсади ба даст овардани маблағи калон ба мағозаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нисбатан арзонтар фурӯхта, маблағҳои онро азони худ карда, ба манфиати шахсии худашон сарф кардаанд.
Дар натиҷа ба ҶДММ “Алишер ИД” зарари махсусан калон ба маблағи 665 ҳазору 758 сомонӣ расонидаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















