Бо роҳи фиреб дар се марҳила гирифтани 160 ҳазор сомонӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ бо ариза зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, моҳи октябри соли 2024 марди 27-солаи сокини шаҳри Бохтар бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани писараш, ки нисбаташ бо қисми 2 моддаи 32, қисми 2 моддаи 255 ва қисми 1 иловаи-1 моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд, дар се марҳила 160 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муҳлати кутоҳ писарашро аз ҷавобгарӣ озод менамояд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиняотӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















