Ибрози назари Меркел оиди қисман манъ намудани пӯшидани бурқин (ҳиҷоб) дар Олмон
Канслери Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ангела Меркел аввалин бор аст, ки оиди қисман манъ намудани пӯшидани либосе, (бурқин, ҳиҷоб) ки рӯю баданро мепӯшонад, ибрози назар намудааст, хабар медиҳад ширкати телерадиовии Bayerischer Rundfunk.
Бурқин ва ҳиҷоб – ин намуди либосҳои занона дар кишварҳои мусулмонӣ мебошад, ки ба истиснои буррише барои чашмон, рӯй ва баданро ба пуррагӣ мепӯшонад.
Аз рӯи гуфтаи Меркел, дар Олмон дар раванди «муоширати миёни мардум» «нишон додани рӯй» қабул карда шудааст. «Аз ин рӯ дар мо пӯшидани либосе, ки рӯй ва баданро маҳкам пӯшонад, қабул нест. Он бояд дар ҳар ҷое, ки имкон дорад, манъ карда шавад (аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ)», - қайд кард, канслер дар иҷлосияи Иттиҳоди христианию демократӣ дар шаҳри Эссен.
Қаблан барои қисман манъ намудани пӯшидани бурқин (ҳиҷоб) дар кишвар роҳбари ВКД Ҷумҳурии Федеративии Олмон Томас де Мезер баромад карда буд. Аз рӯи суханҳои ӯ, дар ҷомеаи немис, дар муассисаҳои андоз, давлатӣ, САҲШ, мактаб ва донишгоҳҳо, дар хизмати давлатӣ ва судҳо нишон додани рӯй зарур аст.
www.ria.newes