Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз корҳои таъмиру таҷдиди бинои нави Шуъбаи карантинии Вазорати корҳои дохилӣ

15-уми майи соли 2025 тибқи дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин аз рафти корҳои таҷдиду азнавсозии бинои Шуъбаи карантинии Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ дидан намуд. 
Дар ҷараёни боздид ба масъулин оид ба тарҳрезии лоиҳаи бино тавсияҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки  ҷиҳати босифат ва бо тарҳи замонавӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

15.05.2025 17:47
141