Ошкор шудани қаллобиҳои марди 45-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2021 ҳангоми дар ҳудуди маҳаллаи Шайнаки ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ барои дар масоҳати 0,02 гектар замин бунёд намудани як адад манзили истиқоматии ду ошёна, дар якчанд маврид дар умум 140 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар давоми 6 моҳ манзили мазкурро бунёд намуда, онро ҳуҷҷатгузорӣ менамояд.
Гумонбаршаванда манзили истиқоматии мазкурро дар ҳолати нотамом дар масоҳати 0,0014 гектар замин бе часпондани дару тирезаҳо ва дарвозаи асосӣ, бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи расмӣ, танҳо баъди сипарӣ гардидани зиёда аз як солу шаш моҳ ба ҷабрдида супоридааст.
Инчунин гумонбаршаванда ба боварии зани 51-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ барои дар масоҳати 0,01 гектар замин бунёд намудани як адад манзили истиқоматии ду ошёна дар якчанд маврид, дар умум 150 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки дар давоми шаш моҳ манзили мазкурро бунёд намуда, онро ҳуҷҷатгузорӣ менамояд.
Гумонбаршаванда манзили истиқоматии мазкурро дар ҳолати нотамом дар масоҳати 0,0014 гектар замин бе часпондани дару тирезаҳо ва дарвозаи асосӣ, бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи расмӣ, танҳо баъди сипарӣ гардидани зиёда аз як солу шаш моҳ ба ҷабрдида супоридааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.