Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Авбошии марди 44-сола нисбати ҳамсари собиқ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 35-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 12-уми майи соли 2025, тахминан соати 22:00, собиқ шавҳараш дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматиаш омада, ӯро бе ягон асос бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба тарафи чапи баданаш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

14.05.2025 8:37
44