Даст ба тамаъҷӯӣ задани марди 27-сола
Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор аризаи марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 9-уми майи соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, “Муҳаммад” ном шахс ба назди автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” омада, телефони мобилии худро зада шикаста, аз ҷабрдида бо роҳи тамаъҷӯӣ 4 ҳазору 200 сомонӣ талаб карда гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
10-уми майи соли 2025 “Муҳаммад” ном шахс боз ба назди ӯ омада 5 ҳазор сомонӣ талаб намуда, таҳдид карда гуфтааст, ки дар сурати маблағро надодан ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро пешдастгиршуда марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.