Дар Австрия мақсад доранд пӯшидани ҳиҷоб (бурқин)-ро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд
Мақомдорони Ҷумҳурии Австрия барои манъ намудани пӯшидани ҳиҷоб (бурқин) дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин зидди пӯшидани рӯймоли сар барои мансабдорон, судяҳо ва прокурорҳо баромад мекунанд, - гуфта мешавад дар барномаи нави ҳамкориҳои муштараки ҳукумати Австрия, ки рӯзи душанбе тасдиқ шудааст.
Ҳиҷоб (бурқин) — намуди либоси занона дар кишварҳои мусулмонӣ аст, ки бадан ва рӯйро пурра мепӯшонад ва фақат буриши камеро барои чашмон мегузорад.
Вазири корҳои хориҷии кишвар Себастян Куртс хотиррасон намуд, ки соли гузашта ӯ ташаббускори чораҳои нави ҳамгироӣ гардид, "ки аз ҷониби Ҳизби сотсиал-демократӣ баста шуд". "Ҳамакнун манъи пӯшидани либоси тамоми рӯйро пӯшонидашаванда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тибқи қонунгузорӣ мустаҳкам карда хоҳад шуд", — қайд карда мешавад дар изҳороти вазир дар саҳифаи шабакаи Facebook аз натиҷаи муҳокимаи ҳуҷҷати дахлдор.
Илова ба ин, дар ҳуҷҷат як қатор чораҳои техникӣ барои мониторинги электронии ҷиҳодиёне, ки нияти бозгашт доранд, пешниҳод мешавад. Куртс, ҳамчун раиси кунунии САҲА, қаблан изҳор дошт, ки раёсати австриягӣ дар соли ҷорӣ мақсад дорад диққати асосиро ба мубориза бо радикалӣ гардидани ҷомеа равона созанд, ки дар бисёр ҳолатҳо ба Аврупо аз ҷониби онҳое, ки ба Шарқи Наздик барои ҷанг дар ҳайати ташкилоти террористии «Давлати Исломӣ» (дар Федератсияи Россия фаъолияташ манъ аст) иштирок намуда, сипас бармегарданд, паҳн карда мешаванд.
Аз рӯи маълумотҳои вазири корҳои хориҷӣ Волфганг Соботки, сухан дар бораи тадбирҳое меравад, ба монанди ҳатман пӯшида гаштани дастпонаи электронӣ, гирифтани (сабт) сӯҳбатҳои телефонӣ ва эҳтимоли бақайдгирии ҷиддии телефонҳои мобилӣ бо кортҳои пешпардохткунанда.
Тавре, ки интизор меравад, рӯзи душанбе парлумони Австрия ҳуҷҷати мазкурро баррасӣ менамояд.
www.ria newes