Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи апрели соли 2025 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ 4-адад чархҳои резинӣ ва дискаҳои оҳанини автомашинаи шахсиаш тамғаи “КАМАЗ”-ро, ки дар саҳни ҳавлии собиқ фермаи молпарварии ҶДММ “Улҷабой”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ беназорат меистод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 17, 16 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Панҷакент 1-уми майи соли 2025, тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ аз анборхонаи ҶДММ «Хубҷам Инвест», воқеъ дар кӯчаи Терешкова, ки ба марди 58-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, 15-қуттӣ, ки дар дохили ҳар як қуттӣ 3-адад равғани «АНКО» ғунҷоишаш 5-литрро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 825-сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.