Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани одамкушӣ бо бераҳмии махсус

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 13-уми апрели соли 2025, дар ҳудуди бозори марказии ноҳияи мазкур бо марди 39-солаи сокини ҳамин ноҳия вохӯрда, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ба ӯ дар хаҷми 15 ҳазор сомонӣ қарз диҳад ва рақамҳои корти пластикиашро додааст.
19-уми апрели соли 2025, тахминан соати 11:25-дақиқа, баъди ба суратҳисоби гумонбаршаванда гузаштани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 13 ҳазору 780 сомонӣ ва ба телефони мобилиаш ворид гаштани смс паёмак, ӯ баҳри амалӣ намудани нақшаи пешакӣ тарҳрезикардааш, тахминан соати 16:30-дақиқа, аз манзили истиқоматиаш дастпӯши резинии қаблан харидорӣ кардаашро бо 1-адад оташафрӯз (зажигалка) гирифта, аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ 1,5-литр сӯзишвории навъи “бензин”-ро харидорӣ карда, ба рақамҳои ҷабрдида занг ва смс паёмак равон кардааст, ки дар ягон ошхона нишаста миннатдории худро баён кунад.
Баъдан дар бозори марказии ноҳия бо ҷабрдида вохӯрда хоҳиш кардааст, ки ба тарафи кӯҳу пуштаҳо рафта, истироҳат намоянд ва аз бозори мазкур хурришҳои тезтайёр ва шарбат харидорӣ карда, ҷабрдидаро бо роҳи фиреб ба талу теппаҳои ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ бурдааст.
Ҳангоми дар он ҷо қарор доштанашон гумонбаршаванда бо мақсади амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронааш бо ҷабрдида баҳсу мунозира намуда, дастпӯши бо худ доштаатро пӯшида, тавассути дастон ба сару рӯй ва аъзои баданаш якчанд маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба замин афтида, ҳангоми дар ҳолати беҳушӣ қарор доштанаш ӯро аз замин бардошта дар чуқурии (ғор)-и обшустаи тахминан 5-6-метр партофтааст. 
Сипас маҳсулотҳои қисман истеъмолнамудаашонро дар зери бадани ҷабрдида гузошта, маводи сӯзишвориро дар аъзои баданаш рехта, бо бераҳмии махсус ва бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содирнамудааш ӯро оташ задааст.
10-уми майи соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, аз талу теппаҳои ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҷасади марди 39-сола бо аломатҳои сӯхтани бадан дарёфт карда шуд.
Нисбати  гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

13.05.2025 9:09
84