Шиносоӣ аз шароити хизматбарии афсарону сарбозони қисми ҳарбии 6592
12-уми майи соли 2025 дар доираи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин ба қисми ҳарбии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф оварда, аз шароити хизматбарии сарбозону афсарон дидан намуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни боздид бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ вохӯрӣ ва суҳбати озод баргузор гардид.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода И.С. аз шароити хизматбарии сарбозону афсарон аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, иброз дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби моддиву маънавӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба хизмати ватандӯстона ва садоқатмандонаи онҳо мусоидат менамояд.
Имрӯз ҷавонон бояд аз фурсати муносиб истифода намуда, дар пайравӣ ба сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил дар ҳар суханрониашон иброз менамоянд, ки ҷавонон зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, сол то сол мақоми онҳо дар ҷомеа баланд мегардад.
Ҳамзамон мову шумо ҷавобан ба ин ғамхориҳо вазифадор ҳастем, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар пойдории сулҳу субот саҳм гузорем.
Дар фарҷоми вохӯрӣ зикр гардид, ки Артиши миллӣ мактаби мардонагиву матонат, шарафу номус ва ҷасорат буда, хизмат дар он қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад.