Ғолибияти кормандони ШҶ "Динамо" дар мусобиқаи байналмилалии "Гран-Слам 2025»
Аз 2-юм то 4-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии "Гран-Слам 2025» оид ба гӯштини "Ҷудо" байни ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ корманди Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ лейтенанти милитсия Маҳмадбеков Сомон Моёншоевич - мураббӣ оид ба гӯштини "Ҷудо"-и шуъбаи Маҷмааи варзишии «Динамо» дар вазни -81 кг иштирок намуда, сазовори медали тилло ва яъзои Шурои ҷумҳуриявии "Динамо" Қурбонзода Мадина дар вазни -52 кг соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.