Дастгир гардидани зани 37-сола барои қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда тахминан моҳи майи соли 2024 ҳангоми дар ҳудуди кӯчаи Ҷ.Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 55-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 65 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш автомашинаи электромобил оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.