Иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба
Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки бо гузашти солҳо, хусусан дар шароити торафт авҷ гирифтани нооромиву бесуботӣ дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра аҳамияту арзиши ин санаи таърихӣ дар байни мардуми олам меафзояд.
Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар радифи дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашти низомӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар Боғи галабаи шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид, фаъолона ва дар сатҳи баланд ширкат варзиданд.
Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак бошад!