Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронандаи ноболиғ 

5-уми майи соли 2025, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи дучархаи «Скутер», ноболиғ Юсупов Хурсандмурод, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи дучархааш набаромада, ба ядаки корношоям, ки дар канори роҳ қарор дошт, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, дучархарони ноболиғ Юсупов Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофири ноболиғ Юсупов Озодбек Умедович, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Зафаробод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

07.05.2025 8:23
38