Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

2-юми майи соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи мототсикл (скутер), Тамчиев Равшан Абдухолиқович, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи мазкур ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда ба автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла Версо”, таҳти идораи Раҳмонқулов Шодимурод Абдулҳакимович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Шаҳритус, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл Тамчиев Р.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
3-юми майи соли 2025, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри”, Фазлоншоев Киноншоҳ Собирович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Шӯроби ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагард Маҳмудов Рустам, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст, ки дар натиҷа номбурда ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

05.05.2025 8:51
32