Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 46-сола бо гумони қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда бо ҳамроҳии марди 37-солаи сокини пойтахт тахминан аввалҳои моҳи январи соли 2025 ҳангоми дар вазифаи муовини директори ҶДММ “МФ Сохтмон” кору фаъолият карданаш бо маслиҳати пешакӣ бо директори ширкати мазкур ва коргузори ҶДММ ҳамин ширкат ба боварии марди 50-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, бо роҳи фиреб маҳсулоти сохтмониро ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ гирифта, манзили истиқоматиро, воқеъ дар шаҳри Душанбе ба масоҳати 50-метри мураббаъ ба гарав монда, дар ин хусус шартнома оид ба сохтмони якҷояи бинои истиқоматӣ тартиб дода, дар як вақт манзили истиқоматии мазкурро ба дигар нафар фурӯхтааст.
Инчунин дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе корманди ҶДММ «Комрон Обод» муайян карда шудааст, ки ӯ 27-уми декабри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 4-адад автомашинаи тамғаҳои «Ауди А8”, “Шевралет-Тахо” ва “Мазерати Камри”-ро ба маблағи 1 миллиону 777 ҳазор сомонӣ ғайринақдӣ харидорӣ намуда, аз он 1 миллиону 150 ҳазор сомониашро дода, боқимонда 627 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

05.05.2025 8:46
25