Ошкор шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми майи соли 2025, тахминан соати 02:40-дақиқа, ду ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи “АС Фашион” даромада, аз онҷо як адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 12 про макс”, ки арзишаш 7 ҳазор сомонӣ, маблағи 250-сомонӣ, як адад корти бонкии “Душанбе Сити”, ки дар суратҳисобаш 12 ҳазору 470 сомонӣ мавҷуд будааст, дуздида аз ҷой ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 19 ҳазору 720 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 23-юми апрели соли 2024, тахминан соати 21:00, аз хонаи истиқоматии зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур 1-адад арраи барқӣ арзишаш 500 сомонӣ, 3-адад муҳаррики яхдон арзишашон 600 сомонӣ, 1-адад плитаи газӣ арзишаш 1 ҳазор сомонӣ, 1-адад балони гази моеъ арзишаш 600 сомонӣ, 1-адад насоси обкашӣ арзишаш 350 сомонӣ, 1-адад асбоби кафшегарӣ арзишаш 3 ҳазор сомонӣ, 1-адад телевизор арзишаш 2 ҳазору 500 сомонӣ, 1-адад нардбони оҳанин арзишаш 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 8 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда шаби 25 ба 26-уми апрели соли 2025, тахминан соати 04:00, аз бошишгоҳи ҷамоати деҳоти “Наҷм-2”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, 1-адад дастгоҳи барқтаъминкунӣ (движок) арзишаш 5 ҳазору 500 сомонӣ, 1-адад дастгоҳи барқии меварезакунак (соковыжемалка) арзишаш 4 ҳазор сомонӣ ва 1-адад ноқили барқӣ арзишаш 400 сомониро, ки ба марди 57-солаи сокини шаҳри Хуҷанд тааллуқ доранд, тасарруф намудааст.
Зарари расонидашуда 9 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.