Ҳалокати ронандаи мототсикл дар садамаи нақлиётӣ
1-уми майи соли 2025, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамған “BYD SONG PLUS”, Шарипов Далер, соли таваллудаш 1988, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Золи-Зар ба мототсикли тамғаи “Даелим”, таҳти идораи Алиев Ибрагим Қулсоатович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи мазкур, ки ба муқобили самти ҳаракати роҳ ҳаракат мекард, бархӯрда, мототсикли мазкур аз роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, таҳти идораи Пирназаров Акмал Мамадюсупович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ки дар канори чапи роҳ қарор дошт, бармехӯрад.
Дар натиҷа ронандаи мототсикл Алиев И. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.