Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 30-сола бо ҷурми қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи ноябри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 3-адад автомашинаи тамғаи “Лексус РХ”-ро ҷамъ ба маблағи 740 ҳазор сомонӣ тариқи насия гирифта, ваъда додааст, ки дар муҳлати кутоҳ маблағҳои автомашинаҳои мазкурро оварда медиҳад, аммо онҳоро ба дигар шахс фурӯхта маблағашро то ҳол барнагардонидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

03.05.2025 8:49
33