Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ноболиғи 17-сола барои авбошӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 1-уми майи соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, бо писари ноболиғи 17-солааш "Солеҳ" ном шахс дар назди манзили истиқоматиашон бе ягон асос ҷангу ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба қисми рони қафои пойи чапаш зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

03.05.2025 8:48
25