Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи футбол бахшида ба Иди Ғалаба

Рӯзи 1-уми май дар майдони варзишии қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД мусобиқаи кушоди варзишии футбол миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратии мамлакат барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» бахшида ба 80 солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ оғоз гардид. Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ генерал-майор Суҳроб Рауфзода ва дигар намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат иштирок намуданд.
Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Ғайратшо Муборакшозода ҳамагонро ба муносибати 80-умин солгарди Иди Ғалаба табрику муборакбод гуфта, ба онҳо пешравию музаффариятҳо орзу намуд.
Ҳамчунин, мавсуф илова кард, ки бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Милали Мутаҳид 25-уми май ҳамчун Рӯзи байналмилалии футбол эълон гардид. Бо ин мақсад, моро зарур аст, ки дар навбати худ баҳри рушди ин намуди варзиш камари ҳиммат бандем ва бо доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ дӯстиву рафоқатро миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мустаҳкам намоем, зеро варзиш қосиди сулҳ аст.
Лозим ба ёдоварист, ки мусобиқаи мазкур аз санаи 28-уми апрел оғоз гардида, то 7-уми май идома меёбад. Дар он 8 даста дар ду гурӯҳ бо ҳам сабқат мекунанд. Дастаҳои бозингар аз вазоратҳои адлия, мудофиа, кумитаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофии гражданӣ, КДАМ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД, Гвардияи миллӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошанд.
Тоҷиддин Латипов

02.05.2025 17:28
120