Ғарқ шудани ронанда дар дарёи Зарафшон бар асари ҳодисаи нақлиётӣ
1-уми майи соли 2025, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Спринтер», Муйиддинов Маърибҷон Ҷумаевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар гардиш чамбаракаи автомашинаро нагардонда ба рости канори пули деҳаи Хушекат баромада, панҷараи оҳанинро пашх намуда, аз болои пул ба дохили дарёи Зарафшон афтида, ғарқ гардидааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Муйидинов М.Ҷ. дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда, барои дарёфти ҷасад чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот давом дорад.