ЧЕКИСТ
Ӯро яке аз ташкилкунандагони низоми Сарраёсати лагерҳо ва ҷойҳои ҳабс (ГУЛАГ), ки аз ҷумлаи воҳидҳои махсуси Комиссариати халқии корҳои дохилии ИҶШС, Вазорати корҳои дохилии ИҶШС ва баъдан, Вазорати адлияи ИҶШС буд, медонистанд. Ин шахсро, ҳамчунин барои аз маконҳои муқимиашон бо зӯрӣ кӯчонидани гурӯҳ-гурӯҳ аҳолии он минтақаҳое, ки давоми солҳои 1939-1940 ба ҳайати ин давлати паҳновари дунё дохил гардида буданд, масъул медонанд.
Сухан дар бораи Берия меравад. Ӯ олитарин ҷоизаи сталиниро "барои ташкили корҳо оид ба истеҳсоли энергияи атомӣ ва санҷиши бобарори силоҳи ҳастаӣ" ба даст оварда буд.
Арбоби сиёсӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ Берия Лаврентий Павлович соли 1899 дар оилаи деҳқони одӣ дар деҳаи Мерхеули Абхазистон ба дунё омадааст. Баъди бо баҳои аъло хатм намудани Омӯзишгоҳи техникию сохтмонии Боку, аниқтараш пас аз чанд муддат дар ҷабҳаҳои Ҷанги якуми ҷаҳон пайдо шуданаш, чун исёну шӯру валвала дар хунаш ҷорӣ буд, худро ба кори инқилобӣ пайваст. Гоҳ ошкору гоҳе пинҳон корҳоеро ба манфиати болшевикҳо анҷом медод. Бисёртар дар ҳудуди Гурҷистон, ки он замон ҳанӯз тобеи Руссияи болшевикӣ нашуда буд, фаъолияти пинҳонкорона мебурд. Ӯро дар ин кишвари қафқозӣ ду маротиба барои ҷосусӣ дастгир ва ҳабс намуда, баъдан ба Озарбойҷон бадарға карданд. Он шабу рӯзҳо Озарбойҷон аллакай зери назорати болшевикҳо қарор гирифта буд.
Аммо Берия ором набуд. Дар Озарбойҷон ба корҳои ҳизбӣ пайваст ва амалан барои дар ҳудуди Гурҷистон анҷом додани амалиётҳои иғвогарона ба манфиати болшевикҳо ҷалб гардида буд. Моҳи апрели соли 1921 ӯро муовини сардори шуъбачаи махфӣ-оперативии Комиссияи фавқулодаи Озарбойҷон таъин карданд, ки амалан фаъолияти ҷосусонаи Ҳукумати навтаъсиси Шӯроҳоро дар он қисматҳои Қафқоз, ки ҳоло зери назорати болшевикҳо қарор нагирифта буданд, пеш мебурд. Баъди пайвастани Гурҷистон ба тобеияти Руссияи болшевикӣ, моҳи ноябри соли 1922 Лаврентий Берия сардори қисми махфӣ-оперативӣ ва ӯ низ муовини раиси Комиссияи фавқулоддаи Гурҷистон таъин гардид. Ана дар ҳамин давра Берия бо Сталин наздикӣ пайдо кард…
Тавре гуфтем, бо наздикӣ пайдо кардани Берия бо Сталин, ки пас аз кушта шудани Ленин зимоми қудратро ба даст гирифта буд, доманаи фаъолияти ин чекисти болшевиконро хеле ҳам васеъ кард. Махсусан, дар самти анҷом додани амалиётҳои ҷосусона дар хориҷ аз ИҶШС Берия ҳамто надошт. Ӯ хеле чолоку ҷасур буд ва зимни иҷрои вазифаҳо бисёр ҳам ҷиддӣ рафтор менамуд.
…Таърихнигори амрикоӣ Курт Зингер дар китобаш "Ҷосусоне, ки таърихро тағйир додаанд", Берияро низ аз мадди назар дур накардааст. Ба андешаи ин таърихнигори ғарбӣ, баъди торумор кардани ташкилоти пинҳонкори Боку Берия ба Албания гурехта, дар он ҷо бо Иосиф Броз Тито шинос мешавад. Аз он ҷо бо номи сохтаи Карапет Абамалян баргашта, дар инқилоби Октябр иштирок менамояд. Он вақт вай ба панҷсад нафар асирони австриягӣ фармондеҳӣ мекард. Аз ҳисоби онҳо ӯ ба манфиати Руссияи Шӯравӣ нахустин афсарони разведкаро ҷалб намуд. Соли 1920 Берия дар Прага ба сифати корманди сафорати Украина фаъолият бурда, шабакаи густурдаи контрразведкаро созмон дод, ки қариб тамоми кишварҳои Аврупоро фаро мегирифт. Сипас ба Гурҷистон баргашта, аз он ҷо баъди пахши ошӯби соли 1924 боз ба хориҷа, ин дафъа ба Париж меравад. Акнун зери ниқоби хизматчии сафорат амалиётҳои ҷосусӣ мебурд.
Ӯро дар майдонҳои Елисей медиданд, худро ҳамчун полковник Енонлидзе муаррифӣ менамуд. Бештар ба ҳаёти фирориёни гвардияи сафед ва муҳоҷирони миллатгаро мароқ зоҳир месохт, ки онҳо зидди болшевикҳо буданд. Ба сафи онҳо ворид гашта, шабакаи нави ҷосусиро роҳандозӣ намуд.
Берия ба ватан баргашт, аммо давоми солҳои 1930-1937 борҳо ба хориҷа сафар дошт. Бо роҳбарии ӯ чандин куштор ва дуздии роҳбарони гурӯҳҳои зиддишӯравӣ амалӣ гаштанд. Вай дар Испания ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ низ буд, то дар амал бубинад, ки шабакаи ҳарбии ҷосусӣ чӣ тавр кор мекунад ва ҳамчунин намунаҳои техникаи нави ҳарбии Олмонро ба даст орад.
…Соли 1926 Берия муовини раиси Идораи давлатию сиёсии Қафқоз ва моҳи декабри ҳамон сол раиси гурҷистонии ин идораи муҳими давлатӣ таъин гардид. Ҳамзамон, дар баробари ин, моҳи апрели соли 1927 ӯ комиссари халқии корҳои дохилии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Гурҷистон таъин шуда, аз моҳи апрели соли 1931 роҳбарии Идораи давлатию сиёсии тамоми Қафқозро ба зимма гирифт.
Ҳамин тавр, бо тай намудани чанд зинаи мақомоти давлатӣ, аз моҳи декабри соли 1938 Берия расман зимоми идораи НКВД-ро соҳиб шуд. Аввалин амалиёте, ки вай дар ин вазифа анҷом дод, бо номи "Овозаи бардурӯғ" машҳур аст. Мақсади амалиёт ҷисман аз байн бурдани душмани Сталин - Тротский буд. Тротский, ки аз Шӯравӣ бадарға ва аз ҳаққи шаҳрвандии ин давлат маҳрум гардида буд, баъди чанд муддат дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон умр ба сар бурдан, ахиран дар Мексика паноҳгоҳ ёфт. Аммо ӯ рӯз надошт. Сталин, ки то ин вақт аз дигар пайравони Тротский, яъне аз душманонаш ба осонӣ халос шуда буд, лаҳзае Тротскийро ором намегузошт. Ниҳоят чекисти ботаҷриба Эйтингонро ба амалиёти нобудкунии Тротский ҷалб намуданд. Вай аз ҳисоби аъзои гурӯҳҳои интернатсионалистии Испания гурӯҳи худро созмон дод, аз ҷумла рассоми мексикоӣ Сикейросро ҷалб намуд. Сӯйиқасд 27 майи соли 1940 бебарор анҷом ёфт. 27 август сӯиқасд аз нав такрор шуд ва ба разведкачии Шӯравӣ Рамон Меркадер муяссар гашт, ки Тротскийро ба қатл расонад. 20 сол баъд, вақте ки Рамон аз маҳбас озод шуд, ба ӯ унвони Қаҳрамони Шӯравиро доданд.
Разведкаи НКВД, ки зери раҳбарии Берия қарор дошт, аз моҳи ноябри соли 1940 дар хусуси хатари ҷанг маълумоти зиёд медод, вале онҳо ба якдигар мухолиф буданд. Сталин ва Берия бовар доштанд, ки Гитлер аҳдномаи ҳуҷумнакуниро риоя менамояд.
Чанд рӯз пеш аз оғози ҷанг Берия фармон дод, ки аз ҳисоби кормандони разведка барои иҷрои корҳои ҷосусӣ-диверсионӣ дар ҳолати ҷанг гурӯҳи махсус ташкил карда шавад. Вазифаи гурӯҳ аз роҳандозии разведка зидди Гитлер ва хушомадгӯёни вай, ташкили ҷанги партизанӣ ва шабакаҳои ҷосусӣ дар ҳудудҳои ишғолнамудаи фашистон, бурдани бозиҳои махсус бо разведкаи немис ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғе, ки душманро ба роҳгумӣ барад, иборат буд.
Моҳи феврали соли 1941, ки Берия муовини раиси Шӯрои комиссарони халқ буд, бо шурӯъ гардидани ҷанг дарҳол узви Кумитаи давлатии мудофиа таъин шуд. Ба истеҳсоли тиру туфанг ва дигар муҳимоти ҳарбӣ масъул буд. Тирамоҳи соли 1941 разведка хабар дод, ки Британия, ИМА ва Олмон ба сохтани бомбаи атомӣ оғоз кардаанд. Дар бораи ин зуд ба Сталин хабар доданд. Сталин фармон дод, ки пеш аз ҳама дар хусуси ин аслиҳаи нав аз тамоми кишварҳои Ғарб маълумот гирдоварӣ карда шавад. Бо сабабе, ки ҳам ба истеҳсоли аслиҳа ва ҳам ба разведка Берия масъул маҳсуб меёфт, ин вазифа низ ба зиммаи ӯ вогузошта шуд. Дарвоқеъ, ин супориши доҳиро низ босалоҳияти баланд иҷро намуд.
Соли 1943 бо фармони Президиуми Шӯрои олии ИҶШС Лаврентий Берия "барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими кори истеҳсоли аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ дар шароити вазнини давраи ҷанг" бо унвони баланди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ сарфароз гардонида шуд. Масъулиятшиносӣ ва ҷиддияти Берияро дар иҷрои вазифаҳои муҳим ба инобат гирифта, Сталин моҳи декабри соли 1944 ӯро "ба кори коркарди уран" ҷалб намуд. Моҳи августи соли 1945 ӯро раиси кумитаи махсус, ки масъули бурдани корҳо ҷиҳати истифодаи энергияи дохилиатомии уранро ба зимма дошт, таъин карданд. Аз ин пештар, моҳи июли соли 1945, ҳангоми табдили рутбаҳои махсуси хизмати бехатарии давлатӣ ба ҳарбӣ, ба Лаврентий Берия рутбаи Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Моҳи декабри соли 1945 Берия аз вазифаи комиссари халқии корҳои дохилӣ озод карда шуда, аз моҳи марти соли 1946 узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Шӯравӣ қабул гардид.
Соли 1953, аниқтараш пас аз чанд моҳи вафоти Сталин, Лаврентий Берия муовини раиси Шӯрои вазирони ИҶШС ва вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.
26 июни соли 1953 дар ҷараёни ҷаласаи Президиуми Шӯрои олии ИҶШС Берия ба ҳабс гирифта шуд. Ӯро дар хиёнат ба давлат, ҷосусӣ, нобудсозии одамони бегуноҳ ва чораҳои маҷбуркунӣ айбдор карданд. 23 декабри соли 1953 нисбати Лаврентий Берия ҳукми қатл бароварда, ӯ дар ин рӯз парронда шуд. Пеш аз қатл ӯро аз тамоми унвону рутбаҳояш маҳрум карданд.
Соли 2000 Суди Олии Федератсияи Руссия ҳукмро бетағйир монд.
Ҳамин тавр, Лаврентий Берия то ҳол сафед карда нашудааст ва расман ҳамчун хоину ҷосус дониста мешавад.
Таҳияи У. ОЛИМ