Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муайян шудани ҳодисаҳои қаллобӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе директори ҶДММ “Сохтмон Палас”, ки қаблан соли 2010, бо қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 3-юми марти соли 2025, аз ошёнаи 3-юми бинои баландошёнаи навсохтмон, воқеъ дар маҳаллаи “Корвон” манзили истиқоматӣ иборат аз 53,12-метри мураббаъро, ки онро қаблан дар асоси шартномаи саҳмгузорӣ ба марди 47-солаи сокини ноҳияи Фархор фурӯхта буд, такроран дар асоси шартномаи саҳмгузорӣ ба нафари дигар ба маблағи 350 ҳазору 592 сомонӣ фурӯхта маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ сарф кардааст. 
Гумонбаршаванда такроран аз ошёнаи 12-уми бинои баландошёна, воқеъ дар маҳаллаи “Корвон” манзили истиқоматӣ иборат аз 52,77-метри мураббаъро дар асоси шартномаи саҳмгузорӣ ба нафари дигар фурӯхта буд, такроран дар асоси шартномаи саҳмгузорӣ ба ҷабрдида ба маблағи пулии муайян фурӯхта маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ сарф кардааст. Бо ин кирдораш ба ҷабрдида 560 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди “б” қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда якчанд маротиба аз 2-юми августи соли 2024 то 16-уми январи соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини шаҳри Бӯстон даромада бо баҳонаи ба тиҷорат машғул шудан 17 ҳазор доллари амрикоӣ ва 280 ҳазор сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоташ сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.05.2025 8:17
42