Ошкор шудани кирдори даллагии зани 42-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони ташкил ва нигоҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 29-уми апрели соли 2025, кошонаи ҳусни «Малика», воқеъ дар маҳаллаи Зарафшонро ба иҷора гирифта, дар он ҷо шаҳрвандонро ба кор қабул намуда, ба даллагӣ машғул шудааст.
Инчунин гумонбаршаванда 29-уми апрели соли 2025, бо шиносаш марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе маслиҳат намуда, коргараш зани 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дугонаҳояш занони 28 ва 29-солаи сокинони шаҳри Душанберо дар хонаи ба иҷора гирифтаашон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе шинос намуда, аз марди 29-сола 2 ҳазору 500 сомонӣ бо тариқи корти бонкии «Душанбе Сити» гирифта, инчунин ҳамчун ҳаққи хизмати худаш барои шинос шудан, ҳамхобагӣ ва нафси шаҳвонии онҳоро қонеъ намудан 500 сомонӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.