Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани якчанд ҳодисаи дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор бо ариза марди 53-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 1-уми майи соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ як сар чорвои калони шохдорро, ки дар назди соҳили дарёи “Кофарниҳон” лангар карда буд, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғи 17, ҷавонони 23, 25 ва марди 28-солаи сокини шаҳри Ҳисор содир намудаанд.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 28-уми апрели соли 2025, тахминан соати 04:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз онҷо як адад мотосиклро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 25-уми майи соли 2025, тахминан соати  22:45-дақиқа, аз дохили автомашинаи тамғаи «BYD», ки ба марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дошта, дар кӯчаи И.Сомонии шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур беназорат меистод, 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати  гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

02.05.2025 8:13
14