Боздошти марди 40-сола барои авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 1-уми майи соли 2025, тахминан соати 10:00, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 41-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол намуда, ҳамдигаро лату кӯб намуда, гумонбаршаванда аз ҷайбаш корди хоҷагидориро гирифта, як маротиба ба тарафи рухсораи чапи ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.