Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани якчанд ҷавон бо гумони роҳзанӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи пирамарди 70-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 30-юми апрели соли 2025, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Рӯдакӣ шахсони номаълум бо роҳи маҷбурӣ ба воситаи корд набераи ноболиғи 16-солаашро таҳдид намуда, 1 ҳазору 840 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавонони 20, 18, 19 ва ду ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ содир намудаанд.  
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

02.05.2025 8:08
14