Ошкор шудани ҳолати тамаъҷӯии ҷавони 25-сола
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза зани 55-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 22-юми апрели соли 2025, тахминан соати 23:00, шахси номаълум дар дохили боғи кӯдакон, воқеъ дар кӯчаи Ш.Шоҳтемур писари ноболиғи 17-солааш сокини ҳамон ҷоро барои содир намудани дуздӣ муттаҳам намуда, тариқи телефони мобилиаш ба модари ноболиғ занг зада, худро корманди милитсия муаррифӣ намуда, аз ӯ ба воситаи таҳдид, ки писарашро бо ҷурми дуздӣ дастгир кардааст, 500 сомонӣ тамаъ намуда, пасон 500 сомониро тавассути корти «Душанбе Сити» гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.