Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Коза Ностра» ва ё Ситсилияи махуф

Италия куҳандиёрест, ки бо фарҳангу таърихи қадима машҳуру маъруфи олам мебошад. Хусусан, сиёсату таърихи аввалин давлатсозиҳои монанд ба шакли ҳозира маҳз дар ин сарзамин ташаккул ёфтаанд. Рими Қадимро, ки ҳама медонем! Ва ё Ватикан, ки давлат дар дохили давлат аст…
Аммо имрӯз Италия дучори мушкилоти ҷиддӣ аст ва он ҳам паҳншавии коронавирус, ки саросари ин кишвари афсонавиро фаро гирифтааст. Ба гунае, ҳар як аъзои ҷамъияти он бо марг даст ба гиребонанд.
Дар ҳоле, ки расонаҳои хабарии ҷаҳон дар бораи фавти ҳазорон нафар италиягиҳо аз ин вабо, оид ба норасоии доруворию дигар таҷҳизоти зарурии тиббӣ, баста шудани мағозаву марказҳои савдо дар саросари ин кишвар ва ба дунболи он, таҳдиди ҷиддии гуруснагӣ ба сари ҳар як хонадони онҳо иттилоъ медиҳанд, дар ҷануби ин кишвари мутамаддини аврупоӣ проблемаи дигаре дар ҳоли сар задан аст. Мақомоти расмии Италия аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки бо ҷорӣ гардидани ҳолати карантинӣ дар саросари мамлакат гурӯҳҳои мафиёӣ, ки дар қисмати ҷанубӣ, аниқтараш дар ҷазираи Ситсилия ҳукмронанд, аз ин кор зарар дида, мехоҳанд бо роҳи ба вуҷуд овардани норозигӣ миёни мардум сокинонро ба иғвои навбатӣ таҳрик диҳанд. Аммо, воқеан, ин чӣ гуна гурӯҳҳоеанд, ки давлате ба мисли Италия, ки хеле пешрафта аст, аз ҳаракати онҳо дар ташвиш шудааст?
Биёед, дар ин матлаб каме дар бораи мафияи италиягӣ ва ё аниқтараш, мафияи ситсилиягӣ табодули назар кунем. Дарвоқеъ, дар ҷаҳони имрӯз кам касоне ёфт мешаванд, ки ҳадди ақал боре ҳам дар бораи мафияи ситсилиягӣ нашунида бошанд.
Мафия мафҳуми офаридаи ташкилоту созмон ва гурӯҳҳои мустақили криминалии Ситсилия мебошад. Таърихан ду шакли ба вуҷуд омадани мафҳуми мафия роиҷ аст:
1. Шакли ихтисоршудаест, ки шиори исёнгаронаи «Ибодати шомгоҳии Ситсилия» маҳсуб меёбад. Аз давраҳое мондааст, ки он замон Ситсилия аз тарафи арабҳо забт гардида буд ва он гурӯҳҳои пинҳонкоре, ки пеши худ ҳимояи мардуми одӣ аз зулми ишғолгаронро мақсад гузошта буданд, мафия меномиданд.
2. Решаҳои мафияи Ситсилия ба фаъолияти пинҳонкоронаи пайравони равияи Франсиско ди Паолои муқаддас, ки дар асри 12 ташкил ёфта буд, алоқамандӣ дорад. Аъзои ин гурӯҳ рӯзона ба ибодат машғул буданд, вале шабона сарватмандонро ғорат карда, амволи бадастовардаро бо сокинони камбизоат ба ҳам медиданд.
Дар мафияи ситсилиягӣ тартиботи мансабу мартаба хеле мураттабу муназзам шакл мегирад. Яъне:
- CapodiTuttiCapi - сарварӣ аз болои тамоми хонаводаҳо.
- CapodiCapiRe - унвони сарвари хонадон, ки ин корро ихтиёр кардааст.
- Capofamiglia - сарвари як гурӯҳ (даста).
- Consigliere - машваратчии сарвар, ки ба ӯ таъсир гузошта метавонад, вале аз қудрати асосӣ бархӯрдор нест.
- SottoCapo - шахси дуюм дар хонадон пас аз сарвари он.
- Capo - сарвари мафиёӣ, ки дар тобеияти худ аз 10 то 25 нафар дорад.
- Soldato - ба даст овардани зинаи аввали мартабаи мафиёзӣ (карйера).
- Picciotto - нафароне, ки хоҳиши пайвастан ба гурӯҳҳои мафиёиро доранд.
- GiovaneD’Onore - дӯстон ва иттифоқчиёни мафиёзҳо. Инҳо италиягиҳо набуда, аслан аз намояндагони халқу миллатҳои дигар интихоб мешаванд.

 

Маҷмӯи қонунҳои нонавиштаи «Коза Ностра»
«Коза Ностра» - ташкилоти пинҳонии ғайриқонунии Ситсилия, ки чун мафияи Италия шинохта шуда, аввалҳои асри 19 оғоз ба фаъолият карда, имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ таъсир мерасонад. Он чандин гурӯҳу хонаводаҳои криминалиро дар худ муттаҳид сохта, хеле муназзаму мураттаб корбарӣ мекунад.
Кам андар кам ҳолате мешавад, ки ин гурӯҳҳои ҷиноятӣ роҳи ҳамдигарро убур намоянд. Бисёр вақт аъзои онҳо чеҳраҳои якдигариро намедоданд ва аз он ҷое, ки хеле ҳам тобеи қонуну қоидаҳои нонавиштаи худ ҳастанд, байнашон чандон иштибоҳоте сар намезанад. «Коза Ностра» дорои Кодекси Шарафи худ низ мебошад. Яъне:
- Аъзои даста дар дилхоҳ ҳолати пешомада ҳамдигарро кумак мекунанд;
- Паст задани шаъну шарафи яке аз аъзои гурӯҳ маънои паст задани тамоми аъзоро дорад;
- Тобеияти бечунучаро;
- «Оила» худ қарор бароварда, адолати судиро иҷро мекунад;
- Дар сурате, ки агар яке аз аъзои хонадон хиёнат кунад, барои ин худи ӯ ва ҳам тамоми аъзои хонавода ҷавоб мегӯянд;
- Афзалият ба хомӯшӣ. Дар сурате, ки агар ягон узви даста аз тарафи политсия дастгир шавад, ягон навъи ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ бахшида намешавад;
- Вендетта. Интиқоме, ки дар асоси «хун ба хун» сурат мегирад.
Мавриди зикр аст, ки дар асри 20 мафияи италиягӣ (ситсилиягӣ) на танҳо дар маркази таваҷҷуҳи политсия қарор гирифт, балки намояндагони санъату фарҳанг низ ба фаъолият ва қоидаву қонунҳои нонавиштаи он мароқ зоҳир мекардагӣ шуданд. Ин ҳолат як навъ партави романтикиро оид ба ҳаёти мафия ба вуҷуд овард. Аммо набояд фаромӯш кард, ки дар навбати аввал, мафиёзҳо ҷинояткорони ашаддие мебошанд, ки тамоми амалу кирдори онҳо ба сари аҳли ҷомеа танҳо бадбахтӣ меорад.
Мафия имрӯз ва айни замон низ зинда мебошад, яъне он намиранда аст. Танҳо шаклу зоҳири фаъолияташ каме тағйир ёфтааст.

Хонадони Корлеоне
Ба шарофати романи «Падархонди таъмидӣ» тамоми дунё аз хонадони Корлеоне хабардор шуданд. Ин чӣ гуна хонавода аст ва он чӣ алоқамандие бо мафияи ситсилиягӣ дорад?
Оилаи Корлеоне (Корлеонези), дар ҳақиқат, сарварии тамоми мафияи Ситсилияро (Коза Ностра) дар солҳои 80-90-уми асри гузашта ба зимма дошт. Ҳокимияти худро онҳо дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон тақвият бахшиданд. Хонаводаҳои дигар он замон нисбати онҳо чандон таваҷҷуҳ намекарданд ва тавре рафти минбаъдаи воқеаҳо нишон дод, ин ҳолат боиси зарарашон гардид.
Оилаи Корлеонези бо рақибонашон чандон ҳафту ҳашт намекарданд. Ба дӯши аъзои ин хонадони бераҳм даҳҳо куштори «нофармоён» овехта шудааст. Ҳодисаи аз ҳама овозадор, ки дар саросари олам паҳн гардид, куштори генерал Далла Кйеза ва ҳамсари ӯ аз тарафи ин ташкилоти ҷиноятӣ буд. Генерали номбурда тимсоли капитани машҳур Катани аз кинофилми «Ҳаштпо» буд, ки бо гурӯҳҳои мафиёӣ, махсусан бо ин хонадони ҷинояткор муборизаи беамон бурда, оқибат дар ин роҳ мисли комиссар Корадо Каттани қурбон гашт.
Ба ҷуз ин ҳодиса, инчунин чандин ҳолатҳои дигари овозадоре буданд, ки бераҳмии хонадони Корлеонези ва умуман, мафияи Ситсилияро дар саросари олам машҳур сохтанд: куштори раиси ҳизби коммунистии Италия Пио Ла Торре, хиёнаткор Франческо Марийи Манойя ва аъзои хонадони ӯ, ҳамчунин куштори бераҳмонаи рақибони майдон - сарвари дастаи «Riesi» Ҷузеппе Ди Кристина бо тахаллуси «Бабр» ва Микеле Каватайо бо тахаллуси «Кубро». Дарвоқеъ, нафари охирӣ саркори нахустин ҷанги гурӯҳҳои мафиёӣ дар солҳои 60-уми асри гузашта ҳисобида мешуд. Оилаи Корлеоне хеле ба осонӣ ӯро аз байн бурд.
Дар баробари кушторҳои пурсарусадо, хонадони Корлеоне, ҳамчунин бо ташкили хубу муназзами фаъолияти гурӯҳҳои мафиёӣ, ки ҳамаашонро тобеи худ гардонид, шуҳрат пайдо карда буд.

Дон Вито Корлеоне
Дон Вито Корлеоне, ки тарҷумааш сокини ҷазира (Ситсилияро дар назар дорад) мебошад, персонажи бофта аз романи «Падархонди таъмидӣ» буда, дастаи мафиёии Корлеонеро дар Италия ва Амрико сарварӣ мекард. Тимсоли ин персонаж Лучано Леҷо, Бернардо Провенсано, Тото Риина ва Леолук Багарел - сарварони шинохтаи хонадони Корлеоне буданд.

Имрӯзи мафияи Ситсилия
Дуруст аст, ки мақомоти расмӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Италия барои аз байн бурдани мафҳуми «Мафияи ситсилиягӣ», ки бадномкунандаи чунин як давлату миллати мутамаддини қадима мебошад, тамоми кӯшишҳоро карда истодаанд. Ҳамарӯза дар расонаҳои хабарии ин кишвар дар бораи дастгиру ҳабс кардани ин ва ё он аъзои гурӯҳҳои мафиёӣ иттилоъ дода мешавад, аммо чун пештара мафия нестшаванда боқӣ мемонад. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, беш аз сеяки тиҷорати пинҳонӣ дар Италия ҳоло ҳам зери назорати намояндагони «Коза Ностра» қарор дорад.
Дар асри 21 политсияи Италия дар масъалаи дастгиру безараргардонии аъзои дастаҳои мафиёӣ хеле пешравиҳо нишон дода истодааст. Вале ин кӯшишҳои мақомоти давлатӣ ба он боис гардидааст, ки ин гурӯҳҳои ҷинояткори мафиёӣ ба пинҳонкории шадид гузаштаанд. Акнун онҳо на чун пештара марказонидашуда, балки ба якчанд даставу гурӯҳҳои хурд тақсим шудаанд, ки сарваронашон дар ҳолатҳои пеш омадани зарурат бо ҳам мулоқотҳои пинҳонӣ мегузаронанд.
Тавре гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир «Коза Ностра» 5 ҳазор аъзо дорад ва 70 дарсади тоҷирони Ситсилия ҳоло ҳам ба ин гурӯҳи калону муташаккили ҷинояткор ҳақ мепардозанд.
Таҳияи У. ОЛИМ

02.04.2020 15:52
13