Пахши пиёдагард аз ҷониби ронандаи ноуҳдабаро
29-уми апрели соли 2025, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдиев Баҳромҷон Алихонович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Шаҳринав ҳангоми аз самти ноҳияи Шаҳринав ба самти маркази шаҳри Душанбе ҳаракат карданаш дар маркази деҳаи Ситораи ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саидов Саидмурод Сангинмуродович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Ҳисорро пахш намудааст.
Дар натиҷа Саидов С.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.