Ошкор шудани кирдори қаллобии марди 40-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз 1-уми январи соли 2024 ба боварии марди 43-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ ба маблағи 1 миллиону 163 ҳазору 500 сомонӣ хӯроки мурғ гирифта, ваъда додааст, ки маблағи мазкурро бо пуррагӣ бармегардонад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро барнагардондааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.