Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарки одат - амри маҳол, марди қаблан судшуда боз даст ба ҷиноят зад 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми апрели соли 2025, тахминан соати 13:05-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”, ки дар ноҳияи Шоҳмансур беназорат меистод, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 14”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 31-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаҳои 244 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

01.05.2025 8:23
22