Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти дастгирӣ намудани Ассотсиатсияи шурои занони Вазорати корҳои дохилӣ

29-уми апрели соли 2025 дар доираи  Нақша чорабинии муштарак байни Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо иҷрокунандаи роҳбари  Департаменти  ченаки инсонии Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Патрик Штутс вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ Раиси Ассотсиатсияи шурои занони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Азиза Давлатшозода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи дастгирӣ намудани Ассотсиатсияи шурои занони Вазорати корҳои дохилиро дар самтҳои ташкил ва баргузор намудани семинарҳои минтақавӣ, ҷалби корманд-занони мақомоти корҳои дохилӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, сафарбар намудани аъзоёни Ассотсиатсия барои таҷрибаомӯзи ба давлатҳои пешрафта ва дигар масъалаҳои қобилӣ таваҷҷуҳро мавриди муҳокима қарор доданд.
Фаррух Самадзода

29.04.2025 15:07
26