Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Полисдухтарони қаҳрамон

Бояд гуфт, ки Прахедис-Герреро шаҳри на чандон калонест, ки дар соҳили дарёи Рио-Гранде, дар ҳудуди штати Чиуау, воқеъ дар марзи Мексикаву Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷойгир мебошад. Ин шаҳр яке аз марказҳои криминалии давлати Мексика маҳсуб меёбад, ки дар онҷо

авбошони кӯчагӣ ҳукмрон буда, "қонунҳо"-и гуруҳҳои ҷиноятпеша амал мекунанд. Ҳамзамон, тавассути қаламрави ин штат, аз ҷумла тариқи шаҳри Прахедис-Герреро роҳи асосии интиқоли нашъа ба ИМА амал мекунад. Гуруҳҳои ҷинояткори ин шаҳр аз чизеву касе ҳарос надоранд ва тарзе рафтор мекунанд, ки гӯё худ ҳокими шаҳр бошанд. Мақомоти масъули давлатӣ бошанд, дар муқобили ин амалкардҳои авбошони маҳаллӣ коре карда наметавонанд.

Вақте донишҷӯдухтари ҷасур Марисол Валес Гарсия вазифаи масъули сардори политсияи ин шаҳрро ба зимма гирифт, дар аввал хост бо роҳи истодагарӣ дар муқобили гуруҳҳои мафиёӣ тартиботро дар шаҳр ҷорӣ намояд, вале тавре рафти минбаъдаи ҳодисаҳо нишон дод, ӯ ба таҳдиду зӯроварии нашъаҷаллобон тоб наоварда, тарки вазифа намуда, ҳамроҳи фарзанди ноболиғаш ва хешовандонаш ба ИМА фирор кард. Ба ӯ дар ин ҳамсоядавлати Мексика паноҳгоҳ доданд.

Бояд гуфт, ки Марисол Валес Гарсия ягона полисдухтари мексикоӣ нест, ки мавриди таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма қарор гирифтааст. Охирҳои соли 2010 ягона полисдухтари шаҳри Гваделупаи Мексика Эрика Гандара аз тарафи шахсони номаълум рабуда шуда буд. Расонаҳои хабарии маҳаллӣ то ҳол ӯро полисдухтари қаҳрамони мексикоӣ меноманд, ки бо тани танҳо дар як шаҳри калон бо гуруҳҳои нашъаҷаллоб мубориза мебурд. Гап сари ин аст, ки вақте мири шаҳри Гваделупа аз дасти ҷинояткорон кушта шуд, ба ҷуз Эрика тамоми ҳайати шахсии политсияи ин шаҳр аз вазифа сабукдӯш шуда буданд. Тақдири ин полисдухтари 28-сола то ҳол номаълум аст.

Аз замони ба сари қудрат омадани президент Фелипе Калдерон дар моҳи декабри соли 2006, ки ҳукмронии ӯ то охири соли 2012 идома ёфт, дар мубориза бо гуруҳҳои нашъаҷаллоби мафиёӣ дар Мексика беш аз 28 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла, танҳо давоми соли 2012 гуруҳҳои ҷинояткор раисони 11 шаҳри ин кишварро куштаанд.

 

14.05.2015 10:39
9