Ҳалокати ронандаи мототсикл дар ҳодисаи нақлиётӣ
27-уми апрели соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи мототсикли муҳаррикдори дучарха Ҷафаров Ҳабиб Анварович, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада, ба қафои харароба бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи мототсикл Ҷафаров Ҳ.А. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.