Боздошти якчанд нафар ноболиғ бо гумони дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми апрели соли 2025, тахминан соати 14:10-дақиқа, ҳангоми дар воситаи нақлиётии сабукрави кироякаш тамғаи “Тойота Кемри”нишастанаш шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ ҷувздонаш, ки дар дохилаш 2 ҳазору 100 сомонӣ, ду адад корти “Душанбе Сити”, се адад шиносномаҳои миллӣ ва се адад корти миллии “Амонатбонк”, ки дар суратҳисоби яке аз онҳо 2 ҳазору 468 сомонӣ дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ноболиғони 13, 16, 17 ва 16-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад