Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар 

26-уми апрели соли 2025, тахминан соати 15:00, ронандаи Автомашинаи тамғаи “Тайота Филдер”, Мирзоев Навруз Маҳсиддинович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи автомобилгарди ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, таҳти идораи ронанда Сафарзода Сомон Сайбурҳон, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандагон Мирзоев Н. ва Сафарзода С. ва мусофирони автомашинаҳои мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд, пасон мусофири автомашинаи тамғаи “Тайота Филдер” Музафаров А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
27-уми апрели соли 2025, тахминан соати 08:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Эшназарзода Ғайраталӣ Пирназар, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар саҳни ҳавлии хонаи истиқоматиаш, хурдсол Муродзода Аҳмадҷон Шоҳрух, соли таваллудаш 2023, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Муродзода А.Ш. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

28.04.2025 8:41
32