Ошкор шудани қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши воситаҳои нақлиёт
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷойи кораш роҳбари ҶДММ «Сифат Каскад», ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи майи соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии марди 46-солаи сокини шаҳри Душанбе, корманди ҶДММ «Комрон Обод», ки пеш бо моддаҳои 250 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, даромада аз ӯ як чанд автомашинаи тамғаҳои «Лексус RX 350», «Волсваген Айди-4», «Ауди А5», «БМВ С30», «Мерседес-Бенс Е-класс» ва як хонаи истиқоматӣ аз бинои навсохтмон, воқеъ дар шаҳри Душанберо, ҷамъ ба маблағи умумии 2 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ба таври ғайринақдӣ харидорӣ намуда, ба дигарон ба фурӯш бароварда, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.