Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани азонихудкунӣ ё исрофкорӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи ноябри соли 2024 намояндаи тиҷоратии фурӯш дар ҶДММ “Афзалият Групп” таъин гардида, дар давраи фаъолияти кориаш, аз ваколатҳои мансабиаш сӯистифода намуда, бо мақсади азонихудкунӣ ва исрофкорӣ дар асоси борхатҳо, дар умум ба маблағи 50 ҳазору 97 сомонӣ уребчаҳои (памперс) тамғаи фирмавии “Комфорт“ ва “Комфорт бейби”-ро қабул намуда, онҳоро дар мағозаҳои шаҳри Душанбе тақсим намуда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

28.04.2025 8:37
24