Политсияи Дубай
Ин навъи мошин, ки истеҳсоли Ҷопон мебошад, бо муҳаррики V8 муҷаҳҳаз буда, дар як соат 270 километрро тай мекунад. Дар чоруним сонияи аввал аллакай суръати ҳаракаташ аз сад зиёд мешавад. Аммо, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, полиси Дубай боз бо нақлиёти варзишии нисбатан навтар таъмин гардид.
"Bugatti Veyron" аз ҷумлаи автомобилҳои гаронарзише мебошад, ки чанд рӯз пеш ба кормандони политсияи ин шаҳр супорида шуд. Арзиши ин навъи нақлиёти хизматӣ наздики 2 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, суръати баландтарини ҳаракати он 400 километр дар як соат мебошад.
Аммо саволе ба миён меояд, ки чаро политсияи Дубай миллионҳо долларро барои харидории чунин мошинҳои гаронарзиш сарф мекунад? Ширкати "Motor Authority" иттилоъ медиҳад, ки ҳамаи кор сари сайёҳони хориҷӣ мебошад. Мошинҳои гаронарзиш қисме аз барномаи рушди сайёҳӣ дар ин шаҳр маҳсуб меёбанд, ки ҳангоми ҳаракати сайёҳо- ни хориҷӣ ба ҷойҳои тамошобоб автомобилҳои хизматии политсия онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд. Корвони мошинҳои полисро сари ҳар қадам дар ҷойҳои тамошобоби шаҳр дидан мумкин аст.
Масалан, онҳо дар назди бинои осмонбӯси "Бурҷ ал-Халифа" ҳамеша гаштугузор мекунанд. Сайёҳони хориҷӣ ба ин гуна мошинҳои гаронарзиши политсияи Дубай нишаста, барои ёдоварӣ аксбардорӣ мекунанд. Чунин ташаббускориҳои ҳукумати ин шаҳри тараққикарда ба хотири муаррифии Дубай ҳамчун шаҳри зебои дунё ва ба даст овардани фоидаи зиёд аз сайёҳони хориҷӣ амалӣ карда мешаванд.