Дастгир гардидани ронандаи фирорӣ
24-уми апрели соли 2025, тахминан соати 04:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи шахсияташ номаълум, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Яхтони ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ибрагимов Исматулло Исмоилович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, дучархарон Ибаримов И.И. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гашта, 25-уми апрели соли 2025 дар он ҷо ба ҳалокат расидааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», марди 48-солаи сокини ноҳияи Деваштич содир намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 127 ва қисми 2 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.