Ҷазираи дуртарин
Сукунати одамон дар ин хушкии миёни об аз оғози асри 19 шурӯъ гардидааст. Соли 1817 англисҳо дар ин ҷазира пойгоҳи ҳарбии Малколмро таъсис доданд, ки дар он шумораи на он қадар зиёди низомиён ҷой карда шуд. Айни замон дар ҷазираи Тристан да Куня наздики 300 нафар ба таври доимӣ умр ба сар мебаранд. Аҳолии ин хушкиро амрикоиву англисҳо ва ҳолландиву итолиёвиҳо ташкил медиҳанд.
Тристан да Куняро роҳбари ин ҷазира ва шӯрои иборат аз 10 нафар аъзо сарварӣ мекунанд. Номзадии аъзои ин шӯро, ки аз намояндагони оилаҳои муқимии ин ҷазира иборат мебошанд, аз ҷониби губернатори ҷазираи Еленаи. Муқаддас тасдиқ карда мешаванд. Асоси иқтисодиёти Тристан да Куняро моҳидорӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон, аҳолии муқимии ин ҷазира ба кишоварзӣ ва чорводорӣ шуғл мевар- занд. Новобаста ба он, ки ҷазира дар масофаи хеле дур аз хушкӣ воқеъ гардидааст, вале дар онҷо мактаб, беморхона, ибодатгоҳ ва стансияи радиоӣ фаъолият мекунанд. Маркази маъмурии Тристан да Куня шаҳраки Эдинбурги Ҳафт Баҳр буда, он фурудгоҳ надорад. Ҳамин аст, ки киштиҳои баҳрӣ ягона воситаи нақлиёте ҳисоб меёбанд, ки ин ҷазираи аҷибро бо замини калон мепайванданд.