Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамдеҳа

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 46-солаи сокини шаҳри Панҷакент 30-юми марти соли 2025, соати 17:00, дар соҳили рости дарёи Зарафшон, дар ҳудуди деҳаи Суҷинаии шаҳри Панҷакент дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бе ягон асос бо ҳамдеҳааш марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша намуда, бо мақсади расонидани зарар ба саломатиаш, бо мушту лағат ба сару рӯяш зарба зада, ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ расонидааст. 
Мувофиқи хулосаи  ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун зарари «Вазнин» ба саломатӣ мансуб мебошад. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 110 Кодеки ҷиноятии ҶумҶумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.04.2025 8:50
21